Эрон ҳомии собитқадами халъи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон аст
(last modified Thu, 04 Aug 2022 08:14:02 GMT )
Август 04, 2022 13:14 Asia/Dushanbe
  • Тахтравончӣ бо баёни инки Эрон бо сабри роҳбӯрди ва  муқовимати ҳадди аксарии худ тавонист ин тавофуқро ҳифз кунад
    Тахтравончӣ бо баёни инки Эрон бо сабри роҳбӯрди ва муқовимати ҳадди аксарии худ тавонист ин тавофуқро ҳифз кунад

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, Ҷумҳӯрии Исломиро ҳомии собитқадами халъи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон муаррифи кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Маҷиди Тахтравончӣ дар ҳамин конфронси байнамиллалӣ дар Ню-Йорк  гуфт, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба ҳамон андоза, ки ҳомии собитқадами халъи силоҳи ҳастаӣ аст, ба адами ашоъа низ мутаъаҳид аст ва аз иҷрои ғайри табъизомез ва бетарафонаи низоми подмонҳои тавассути ожонси байналмиллалии энергии  атомӣ ҳимоят мекунад.

Тахтравончӣ афзӯд: Ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ бояд вазифаи худро ба сурти ҳирфаи ва фориғ аз фишори  тарафҳои солис ва ба хусус иттиҳомоти беасоси созмонҳои ҷосусӣ анҷом диҳад.

Сафир ва намояндаи домими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин бо ишора ба хурӯҷи Амрико аз БарҶом изҳор кард, дар ҳоле, ки Эрон ба гувоҳии 15 гузориши сареҳи ожонси байналмиллалии энергияи атомӣ дар ҳоли иҷрои таъаҳудоти ҳастаии худ тибқи тавофуқи ҳастаӣ буд, Амрико дар май 2018 аз он хориҷ шуд  ва ба эъмоли муҷаддади таҳримҳо як ҷониба ва роҳандозии як корзори фишори  ҳадди аксари алайҳи Эрон даст зад то монеъи аз  интифоъи Эрон аз манофеи иқтисодӣ ваъда дода шуда тибқи тавофуқ шавад.

Тахтравончӣ бо баёни инки Эрон бо сабри роҳбӯрди ва  муқовимати ҳадди аксарии худ тавонист ин тавофуқро ҳифз кунад тасреҳ кард, аз апрели 2021 Эрон бо ҳусни ният машғули музокира бо тарафҳои дигар барои аз саргирии иҷрои  комили тавофуқ аст аммо усули ин ҳадаф ба таъхир уфтода зеро Амрико ҳанӯз тасмим нагирфтааст то баҳрамандии Эрон аз манофеи иқтисодии ваъда дода шуда тибқи тавофуқро тазмин кунад.