Август 08, 2022 17:37 Asia/Dushanbe
  • Кордори сафорати Олмон дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд
    Кордори сафорати Олмон дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд

Дар пайи беҳурмати ба Қуръони Карим дар Гамбург, кордори сафорати Олмон дар Теҳрон дар набуди сафири ин кишвар ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Дар пайи иқдомоти таҳрикомез дар беҳурмати ба Қуръони Карим ва муқадасоти исломӣ дар шаҳри Гамбург, кордори сафорати Олмон дар Теҳрон дар набуди сафири ин кишвар ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд ва бар бархурди қотеъ бо омилони ин иқдоми таҳқиркунанда таъкид шуд.

Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани беҳурматии суратгирифта дар аёми Тосуои ҳусайнӣ ин иқдоми беҳурматиро мисдоқи ошкори нафратпарокани, хушунат ва ифротигарӣ хонд ва гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин хусус давлати Олмонро масъул медонад ва бархурди қотеъ бо омилони ин иқдоми таҳқиркунандаро хостор аст.

Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон низ пеш аз ин беҳурмати нисбати Қуръони Карим ва иҳонат ба муқадасоти исломӣ дар баробари маркази исломӣ Гамбург дар Олмонро шадид маҳкум кард.

Сухангуи дастгоҳи дипломоси Эрон бо таъкид бар посухгу будани давлати Олмон дар баробари ин воқеъаи таасуфбор гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон мунтазири вокуниши фаври, шадид ва сариҳи давлати Олмон дар бархурд бо омилони ин иқдоми тавҳиномез ва пайгирии сариъи қазоӣ барои пешгири аз такрори чунин иқдомоти аст.

 

Барчасп