Баргузории ойини «шоми ғарибон» дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ
(last modified Tue, 09 Aug 2022 04:05:40 GMT )
Август 09, 2022 09:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини «шоми ғарибон» дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ

Маросими «шоми ғарибон»-и имом Ҳусайн (а) бо ҳузури ходимони остони Қудси Разавӣ дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор шуд.

Маросими «шоми ғарибон»-и имом Ҳусайн (а) пас аз намози мағрибу ишо, дишаб (душанбе) бо ҳузури ходимони остони Қудси Разавӣ, зоирону муҷовирони азодор ва дилсӯхта баргузор шуд.

Ойини суннатии «шоми ғарибон»-и имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон ҳамасола бо ҳузури ходимони разавӣ ва мардуми сӯгвор дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад.

Маросими «шоми ғарибон»-и ҳазрати Абоабдуллоҳил-Ҳусайн (а) ҳамчунин дар масоҷид ва ҳусайнияҳои саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

«Шоми ғарибон» ёдовари оворагии аҳли байти имом Ҳусайн (а) ва асирону кӯдакони бозмонда аз воқеаи Карбало аст, ки дар ғуруби Ошӯро бепаноҳ дар торикии шаб, дар биёбони Карбало ба сар мебурданд.

Душанбеи ҳаштуми августи соли 2022 даҳумин рӯзи моҳи муҳаррамулҳароми 1444 солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва фарзанди ҳазрати Алӣ (а) ва Фотимаи Заҳро (с) аст аст.