Август 09, 2022 15:17 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти нахустин додаи телеметрии моҳвораи «Хайём»

Нахустин додаи телеметрии моҳвораи «Хайём» дар истгоҳи фазоии Моҳдашти Созмони фазоии Эрон дарёфт шуд.

Моҳвораи «Хайём» имрӯз (се шанбе) аз истгоҳи фазоии «Байконур» -и Қазоқистон ба мадори 500 километрии Замин партоб шуд.

Моҳвораи санҷишии «Хайём» 600 килограм вазн дорад ва маъмурияти он аз истгоҳи Моҳдашти Созмони фазоии Эрон расад ва фармонҳои моҳвора ва додаҳои он аз ҳамин истгоҳ ирсол ва дарёфт мешавад.

Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта гомҳои пайваставу рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.

Ҳарчанд душманон бо анвои таҳримҳо саъй кардаанд монеъ аз пешрафтҳои иқтисодиву илмӣ, аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳову фишорҳо, Ҷумҳурии исломии Эрон ба анвои фанновариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияте бузург барои Эрони исломӣ донист.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп