Рушди чашмгири сини умед ба зиндагӣ дар ҷомеъаи Эрон
-
Рушди чашмгири сини умед ба зиндагӣ дар ҷомеъаи Эрон
Муъовини Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз рушди чашмгири сини умед ба зиндагӣ дар афроди ҷомеъаи Эрон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Камол Ҳайдарӣ дар аввалин ҳамоиши кишвари "Иртибототи хабар ва мушорикати иҷтимоъи" бо баёни ин ки саломати маҳалаҳо ва маҳалаи меҳвари дар тавсеаи мушорикати иҷтимоъӣ нақши бисёр зиёди дорад афзуд: Баъд аз ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон мушорикат дар ҷомеъа афзоиш ёфта аст.
Ҳайдарӣ бо ишора ба густариши бемории корона дар ду соли гузашта таъкид кард: Ҳама барои саломатии афроди ҷомеъа вориди майдон шуданд ва кумак карданду нишон доданд бо афзоиши мушорикат метавон корҳоро пеш бурд.
Муъовини Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд: Мушкилоти саломати рӯз ба рӯз печидатар мешавад ва ниёз ба мушорикати иҷтимоъӣ дар ин арса низ ҳар рӯз бештар эҳсос мешавад зимни ин ки масъалаҳои ҷидди мисли гарду ғубор, олудаги замину ҳаво ва равиши зиндагӣ бо тавсеаи мушорикати иҷтимоъӣ дар саломат қобили расидагӣ аст.
Бино бар эълони равобит умумии Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хушбахтона дар баҳси камияти зиндагӣ рушди чашмгирии сини умед ба зиндаги дар афроди ҷомеъа мушоҳида мешавад ва омӯзиш ва тавонмандсозии донишомӯзон ҳамроҳи дигар масоил монанди таваҷҷуҳ ба тағзияи саҳиҳ ва иртиқои саломати ҷомеъа метавонад кайфияти зиндагӣ дар ҷомеъаи Эронро иртиқоъ дод.