Август 15, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Муқовимат ягона нусхаи илоҷи мушкилоти ҷаҳони Ислом аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтугумони муқовиматро ягона роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони Ислом донист.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар нишасти ҳайати ҳукуматии Эрон бо ишора ба номгузории муқовимати исломӣ дар тақвими расмии Эрон, мавсум ба Рӯзи муқовимати исломӣ дар 23 август ва ҳимоят аз мафҳуми воло ва олии муқовимат гуфт: Таҷрибаи таърихӣ ба мо мегӯяд, ки миллатҳои ҷаҳон ҳар куҷо бо ҷараёни султа ва истикбор рӯ ба рӯ шаванд, боғурур роҳи муқовимат ва истодагиро пеш гирифтанд, муваффақ шуданд ва ба иззату истиқлол расиданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтумони муқовиматро ягона василаи муассир барои рафъи масоили ҷаҳони Ислом, ба вижа масъалаи Фаластин донист ва бо гиромидошти ному ёди бузургони муқовимат ва шаҳидон Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Ҳоҷи Ҳусейни Ҳамадонӣ гуфт: Миллати Эрон ва тамоми муборизони озодӣ дар минтақа ва ҷаҳон аз шуҷоат ва талоши фармондеҳон ва муборизони муқовимат қадрдонӣ мекунанд.

 

Барчасп