Август 21, 2022 16:33 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Дар ҳеҷ нишаст ва музокироте аз ҳуқуқи миллат кутоҳ нахоҳам омад
    Раисӣ: Дар ҳеҷ нишаст ва музокироте аз ҳуқуқи миллат кутоҳ нахоҳам омад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дар ҳеҷ нишаст ва музокироти аз ҳуқуқи миллат кутоҳ нахоҳам омад ва давлат талош барои пешрафти кишвар ва аз байн бурдани мушкилотро бо қувват идома хоҳад дод.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҳабдаҳумин иҷлоси рӯзи ҷаҳонии масҷид бо таъкид бар ин ки бо вуҷуди таҳримҳо ва таҳдидҳо давлат корро бо ҷиддият идома хоҳад дод афзуд: Дар ҳеҷ нишаст ва музокироти аз ҳуқуқи миллат кутоҳ нахоҳам омад, давлат талош барои пешрафти кишвар ва аз байн бурдани мушкилотро бо қувват идома хоҳад дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома ба фаъолиятҳо ва иқдомоти давлат дар як соли гузашта дар заминаи пешгирии корона, тавсеаи сиёсатҳои ҳамсоягӣ, эҷоди тавозун дар сиёсати хориҷӣ, афзоиши тиҷорати хориҷӣ, иртиқоъи захираҳои стротегии колои асосӣ ва ҳамзамон талош барои худкафӣ ва танавуъи мабодии вуруди колоҳои асосӣ ишора карду гуфт: Кишвари мо дорои қудрати такия бар ҳамаи мардум аст ва талоши давлати мардумӣ бар ин асос устувор буд, ки аз чунин қудрати ба хуби барои таъмини манофеъи миллат баҳра бигирад.

 

Барчасп