Бозгашти пайкари Ибтиҳоҷ ба Эрон
-
Бозгашти пайкари Ибтиҳоҷ ба Эрон
Пайкари марҳум Амирҳушанги Ибтиҳоҷ шоир ва адиби номдори муъосири эронӣ аз Олмон ба ватан мунтақил шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дастгоҳи Вазорати хориҷаи Эрон интиқоли пайкари ин шоири номдори эронӣ бо ҳузури ҷамъи аз масъулини Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва бархи аз бастагон ва дустони он марҳум аз фурудгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ(р) анҷом шуд.
Пайкари он марҳум фардо аз муқобили толори Ваҳдати Теҳрон барои хоксупори дар боғи Муҳташими Рашт ба ин шаҳр мунтақил мешавад, Ҳушанги Ибтиҳоҷ фарзанди Оқохон 6 исфандмоҳи соли 1306 дар Рашт мутавалид шуд.
Осори бисёри аз ҷумла Сароб, Сиёҳмашқ, То субҳи шаби ялдо, Ёдгори хуни сару ва Тосиён аз ин шоири гелонӣ ба ҷой монда аст. Ҳушанги Ибтиҳоҷ 19 мурдод моҳи соли 1401 дар шаҳри Келини Олмон дар синни 94 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.