Август 26, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Нақши Эрон дар транзити коло
    Нақши Эрон дар транзити коло

Муовини нақлиётии Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон гуфт, транзит аз хоки Эрон дар 5 моҳи гузашта 25 дарсад афзоиш доштааст.

Давлати сенздаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кор дар сеюми август 2021 бо эъломи барқарории тавозун дар сиёсати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақаро дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор дорад.

Сиёсати минтақагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, мушорикат дар созмонҳо ва ниҳодҳои минтақаӣ ва фароминтақаие назири Созмони Шанхай ва Созмони Ҳамкории Иқтисодии ЭКО аз ҷумлаи меъёри мутавозинсозии сиёсати хориҷии Эрон аст, ки аз сӯи давлати сенздаҳум дунбол мешавад.

Шаҳриёр Афандизода, муовини нақлиётии Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон дар барномаи телевизионӣ афзуд: Транзит дар соли гузашта (1400 шамсӣ) ба 10,5 миллион тон расид, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он ду баробар афзоиш доштааст.

Муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон афзуд, 20 миллион тони транзит барои соли 1401 ҳадафгузорӣ шуда ва барои дастёбӣ ба он барномаҳои мухталифе, аз ҷумла тавофуқномаҳои зиёде бо кишварҳои минтақа дар дасти иҷрост.

Афандизода бо баёни ин ки солона ҳудуди 60 миллион тон коло аз Чин вориди кишварҳои аврупоӣ мешавад, гуфт: Бо тавваҷуҳ ба мавқеияти Эрон, ки ҳам дар роҳгузари Шимол ба Ҷануб ва ҳам дар роҳгузари Шарқ ба Ғарб қарор дорад, Эрон метавонад масири муносибе барои ҷобаҷоии колоҳо бошад.

Муовини ҳамлунақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон бо ишора ба даргириҳои Русияву Украина афзуд, Вазорати роҳу шаҳрсозӣ барои транзити 30 миллион тон коло аз роҳгузари Шимол - Ҷануб дар соли ҷорӣ барномарезӣ кардааст.

 

Барчасп