Оғози парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Кеш Эйр»-и Эрон ба Афғонистон
(last modified Fri, 26 Aug 2022 15:47:17 GMT )
Август 26, 2022 20:47 Asia/Dushanbe
  • Парвози ҷадид аз Эрон ба Афғонистон
    Парвози ҷадид аз Эрон ба Афғонистон

Ширкати ҳавопаймоии «Кеш Эйр»-и Эрон аз имрӯз (ҷумъа) парвозҳои худро ба Афғонистон оғоз кардааст.

Пеш аз ин низ чанд ширкати ҳавопаймоии Эрон, аз ҷумла «Моҳон» низ парвози худро ба Афғонистон аз сар гирифта буданд ва қарор аст ширкатҳои бештаре ба Афғонистон парвоз дошта бошанд.

Ба гузориши «Форс», аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии «Кеш Эйр» ба мақсади Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон будааст.

Дар маросиме, ки дар фурудгоҳи Аҳмадшоҳбобои Қандаҳор баргузор шуд, муовини идораи ҳавонавардии Афғонистон, раиси умури хориҷаи Қандаҳор, шуморе аз мақомоти Эрон ва давлати Толибон ҳузур доштанд.

Ғулом Ҷелонии Вафо, муовини идораи ҳавонавардии Афғонистон гуфт, оғози парвозҳои ширкати «Кеш Эйр» суҳулати бештар дар сафари байни Афғонистону Эрон эҷод кардаву равобити иқтисодиву сиёсӣ миёни ду кишварро тақвият мекунад.

Алиризо Ҳоҷизода, сарконсули Эрон дар Қандаҳор низ дар ин бора гуфт, ширкати ҳавопаймоии «Кеш Эйр» ба сурати ҳафтагӣ ду бор ба Кобул ва Қандаҳор парвоз хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед: