Август 27, 2022 09:37 Asia/Dushanbe
  • Волейболи қаҳрамонии ҷавонони Осиё, роҳёбии Эрон ба ҷамъи чаҳор тими бартар

Тими волейболи ҷавонони Эрон бо ғалаба бар Арабистон роҳии марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё шуд.

Тими волейболи ҷавонони Эрон - мудофеъи унвони қаҳрамонии мусобиқоти рӯзи ҷумъа баробари Арабистон ба майдон рафт ва дар 3 сети паёпай бар ин тим ғалаба кард.

Марҳалаи нимапоёнии ин мусобиқот якшанбе баргузор хоҳад шуд.

21-умин давраи мусобиқоти волейболи қаҳрамонии мардони зери 20 соли Осиё аз рӯзи душанбе 22 август бо ҳузури 17 тим ба мизбонии Манома дар кишвари Баҳрайн оғоз шудааст.

 

Барчасп