Даромади арзии 18 миллиарддолларии санъати нефт ва химияи Эрон
(last modified Sat, 27 Aug 2022 08:44:38 GMT )
Август 27, 2022 13:44 Asia/Dushanbe
  • Даромади арзии 18 миллиарддолларии санъати нефт ва химияи Эрон

Мудиромили Ширкати миллии саноати петрошимии Эрон, аз даромади арзии 18 миллиарддолларии маҳсӯлоти петрошимӣ дар соли 1401 хабар дод.

"Пропилен", имрӯза яке аз мутадовилтарин пластикҳои тавлид шуда дар ҷаҳон аст.

Муртазо Шоҳмирзоӣ, мудиромили ширкати миллии саноати петрошимӣ аз даромади арзии 18 миллиард долларии маҳсӯлоти петрошимӣ дар соли 1401 ҳиҷрии шамсӣ хабар дод ва гуфт, зарфияти тавлиди пропилин низ дар 10 соли оянда ба 14 миллион тон дар сол хоҳад расид.

Вай афзуд, дар барномаи роҳбурдии Ширкати миллии саноати петрошимӣ дар уфуқи 10 сола санъати петрошимӣ 35 тарҳи тавлидкунандаи маҳсӯли пропилин бо зарфияти исмии ҳудӯди 13 миллион тон дар сол пешбинӣ ва таъриф шудааст.