Декабр 04, 2016 13:52 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Мусаввабаи Конгресси Амрико нақзи БАРҶОМ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробар ҳар гуна бадаҳдӣ, таъхир ё нақз дар иҷрои Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) қотеъона амал хоҳад кард.

    Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи якшанбе дар саҳни алании Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва дар маросими тақдими лоиҳаи буҷаи соли ояндаи шамсӣ ба намояндагони Маҷлис, бо баён ин, ки Эрон ҳеҷгоҳ нақзкунандаи БАРҶОМ нахоҳад буд, таъкид кард, Эрон ба нақзи БАРҶОМ посухи муносибе хоҳад дод, чаро, ки мусаввабаи ахири Конгресси Амрико ноқиз ва муғоийри БАРҶОМ аст.

   Рӯҳонӣ  БАРҶОМ-ро тавофуқи бурд- бурд донист, афзуд, Эрон густариши таомулоти байналмилалиро ҳаққи худ медонад ва дар ин замина аз ҳеч кишваре иҷоза нахоҳад гирифт.

   Рӯҳонӣ, бо ишора ба тасвиби таҳримҳои мавсум ба "Домато" дар Конгресси Амрико, хотирнишон кард, гузоришҳои мутааддиди Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ нишон дод, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз замони иҷрои БАРҶОМ ба тааҳҳудоти худ амал кардааст.

   Вай гуфт, БАРҶОМ як санади байналмилалӣ аст, ки ба таъйид Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳам расидааст ва иҷрои дақиқи он метавонад, дастоварди фаровоне барои ҳамаи тарафҳо дошта бошад.

   Рӯҳонӣ, бо ишора ба ин, ки раисиҷумҳури Амрико муваззаф ба истифода аз ихтиёроти худ барои пешгирӣ аз таъйид ва иҷрои тамдиди таҳримҳои Эрон аст, тасреҳ кард, дар чорчӯби мусавваботи Шӯрои олии амнияти миллӣ ва қонуни мусавваби Маҷлиси Эрон, дар ҷаласаи ҳафтаи ҷорӣ ҳайати назорат бар иҷрои БАРҶОМ дар Эрон, тасмимоти лозимро иттихоз ва ба иттилои мардум хоҳад расонд.

   Сенати Амрико рӯзи панҷшанбеи гузашта, бо аксарияти мутлақ 99 раъйи мувофиқ ва бидуни раъй манфӣ тамдиди қонуни таҳримҳо зидди Эронро барои як давраи 10 солаи дигар тасвиб кард.

  Пеш аз ин дар моҳи гузашта, Маҷлиси намояндагони Амрико ба ин таҳримҳо раъй мусбат дода буд. Қонуни таҳримҳои зидди Эрон дар интизори имзои Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико аст.

 

Барчасп