Ғуборрӯбии оромгоҳи ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар сафари Раҳбари инқилоб ба Машҳади муқаддас
Август 29, 2022 09:19 Asia/Dushanbe
Оромгоҳи мутаҳҳари ҳазрати Соминулҳуҷаҷ Алӣ бин Мӯсо Арризо алайҳиссалом бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар фазое пур аз маънавият ғуборрӯбӣ шуд.
Ба гузориши “Khamenei. Ir”, ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби Эрон дар сафар ба Машҳади муқаддас, ки ба дунболи тағйири шароити коронаии кишвар анҷом шуд, дар маросими ғуборрӯбии оромгоҳи нуронии имом Ризо алайҳиссалом, ки бо ҳузури ҷамъе аз уламову ходимони ҳарами Разавӣ ва бо тиловати Каломуллоҳи маҷид ва зиёрати ҷомеаи кабираву зикри масоиби аҳли байт алайҳимуссалом дар рӯзҳои поёнии моҳи Муҳаррам баргузор шуд, ширкат карданд.
Барчасп