Ғуборрӯбии оромгоҳи ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар сафари Раҳбари инқилоб ба Машҳади муқаддас
(last modified Mon, 29 Aug 2022 04:19:25 GMT )
Август 29, 2022 09:19 Asia/Dushanbe
  • Ғуборрӯбии оромгоҳи имом Ризо (а) бо ҳузури Раҳбари инқилоб
    Ғуборрӯбии оромгоҳи имом Ризо (а) бо ҳузури Раҳбари инқилоб

Оромгоҳи мутаҳҳари ҳазрати Соминулҳуҷаҷ Алӣ бин Мӯсо Арризо алайҳиссалом бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар фазое пур аз маънавият ғуборрӯбӣ шуд.

Ба гузориши “Khamenei. Ir”, ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби Эрон дар сафар ба Машҳади муқаддас, ки ба дунболи тағйири шароити коронаии кишвар анҷом шуд, дар маросими ғуборрӯбии оромгоҳи нуронии имом Ризо алайҳиссалом, ки бо ҳузури ҷамъе аз уламову ходимони ҳарами Разавӣ ва бо тиловати Каломуллоҳи маҷид ва зиёрати ҷомеаи кабираву зикри масоиби аҳли байт алайҳимуссалом дар рӯзҳои поёнии моҳи Муҳаррам баргузор шуд, ширкат карданд.