Декабр 04, 2016 17:03 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти лоиҳаи буҷети кулли соли ояндаи Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон лоиҳаи буҷети 320 ҳазор миллиард тумани (ҳудуди 300 миллиард доллар)-и соли ояндаи кулли кишварро ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ ироа кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи кушоди Маҷлиси Шӯрои исломӣ ҳозир шуд ва лоиҳаи буҷети кулли Эронро, ки дар маҷмӯъ муодили 320 ҳазор миллиард туман баровард шудаву нисбат ба пешбинии амалкарди соли ҷорӣ аз рушди муодили 8,84 дарсадӣ бархурдор аст, ба маҷлис тақдим кард.

Дар лоиҳаи буҷети соли ояндаи Эрон саҳми кулли даромадҳои нафтӣ дар манобеи умумии давлатӣ 110 ҳазор миллиард туман пешбинӣ шудааст.

Даромадҳои нафтии соли ояндаи Эрон нисбат ба буҷети соли ҷорӣ аз рушди муодили 48 дарсад бархурдор аст.

Ҳамчунин дар лоиҳаи буҷети кулли Эрон қимати ҳар бушка нафт 50 доллар дар назар гирифта шуда, ки ин рақам барои соли ҷорӣ 40 доллар аст.

Нархи доллар низ дар буҷети соли ояндаи Эрон 3300 туман пешбинӣ шудааст.

Бар асоси ойинномаи дохилии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, намояндагони маҷлис пас аз пешниҳоди лоиҳаи буҷети кулли кишвар 10 рӯз замон хоҳанд дошт то пешниҳодҳои худро дар бораи буҷети соли оянда ба комиссиюнҳои тахассусии маҷлис ироа диҳанд.

Комиссиюнҳои тахассусии маҷлис низ 15 рӯз замон хоҳанд дошт то гузориши худро ба комиссиюни талфиқ, ки барои баррасии лоиҳаи буҷет ташкил мешавад, ирсол кунанд.

Клмиссиюни талфиқи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳам ба муддати 15 рӯз лоиҳаи буҷет ва гузоришҳои дарёфтиро баррасӣ мекунад ва бояд гузориши худро дар бораи ин лоиҳа ба баррасии ошкори маҷлис ироа кунад.

 

Барчасп