Раисӣ : Тақвияти равобити Арабистон бо Эрон ба нафъи амнияти минтақа аст
Раиси Ҷумҳурии Эрон ибтикороту иқдомоти Ироқ барои беҳбуди фазои ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа бидуни дахолати бегонагонро дар тақвияти ҳамгаройии минтақаӣ муассир тавсиф кард ва гуфт : Бозсозӣ ва тақвияти равобити Арабистон бо Эрон ба нафъи амнияти минтақа аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ душанбешаб дар дидори Фавод Ҳусайн-вазири умӯри хориҷаи Ироқ бо қадрдонӣ аз ройзаниҳои давлати Ироқ дар бораи умури минтақаӣ афзуд : Ибтикороту иқдомоти Ироқ барои беҳбуди фазои ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа бидуни дахолати бегонагон дар тақвияти ҳамгаройии минтақаӣ муассир хоҳад буд .
Раисӣ панҷ давр гуфтугуи байни Эрону Арабистон бо васотати Ироқро муфид тавсиф ва таъкид кард, ки бо такмили иҷрои тавофуқоти қаблӣ масир барои афзоиши таъомулот ҳамвор мешавад .
Раиси Ҷумҳурии Эрон бо баёни инки барқарории амнияту субот дар Ироқ танҳо аз тариқи гуфтугуи байни ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар бар асоси Қонуни Асосӣ ва ба манзури тафоҳум бар сари ташкили давлати ҷадид барои рафъи мушкилоти миллати Ироқ муяссар аст, таъкид кард : Пойгоҳи марҷаъият дар ин робита нақши бисёр муҳимме дорад.
Фавод Ҳусайн-вазири умӯри хориҷаи Ироқ низ дар ин дидор аз ҳимоятҳои бардавому қотеъи Ҷумҳурии исломии Эрон аз барқарории суботу амният дар Ироқ ва низ такмили раванди сиёсии ташкили давлати ҷадид дар ин кишвар қадрдонӣ ва бар тадовуми нақшофаринии давлати Ироқ дар ростои беҳбуди равобити Эрону Арабистон таъкид кард ва дар ин робита гузориши муфассал ироа дод .
Бештар бихонед :