Камолвандӣ: Хостаҳои ожонс аз Эрон, зиёдахоҳона аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i90528-Камолвандӣ_Хостаҳои_ожонс_аз_Эрон_зиёдахоҳона_аст
Сухангӯии Созмони энержии атомии Эрон хостаҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эронро зиёдахоҳӣ эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 31, 2022 04:34 Asia/Dushanbe
  • Камолвандӣ: Хостаҳои ожонс аз Эрон, зиёдахоҳона аст

Сухангӯии Созмони энержии атомии Эрон хостаҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эронро зиёдахоҳӣ эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории  ИРНА, Беҳрузи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомӣ бо баёни инки робитаи Эрон бо Ожонси байналмилалӣ робитаи таърифшудае аст, гуфт, дар ҳоли ҳозир ин робита бар асоси падмон аст; ба ин маъне, ки ҳисобрасии маводи ҳастаӣ сӯрат мегираду Эрон эълом мекунад, чӣ мизон маводи ҳастаӣ дар чӣ нуқоте дорад ва бо онҳо чӣ корҳое анҷом медиҳад.

Вай бо ишора ба ин мавзӯ, ки кишварҳо робитаи дигаре низ бо ожонс бар асоси протоколи илҳоқӣ доранд, афзуд, бар асоси ин робита, кишварҳо бахше аз таҷҳизоте, ки дар иртибот бо ғанисозӣ астро дар назорати ожонс қарор медиҳанд, ки Эрон низ чунин кореро анҷом медиҳад. Камолвандӣ, ки дар барномае радиоӣ сухан мегуфт, тасреҳ кард, илова бар мавориди зикр шуда, дар мавзӯи БарҶом назоратҳои бештар низ вуҷӯд доштааст, аммо имрӯз ба далоили мухталиф Эрон сирфан табодули подмониро иҷро мекунад ва дар воқеъ фақат ҳисобрасии маводи ҳастаӣ сӯрат мегирад.

Вай таъкид кард, Эрон 27 дурбин ва таҷҳизот, аз ҷумла васоили андозагирии онлайни ғанисозиро ҷамъ кардааст ва фақат дар сӯрате, ки тарафҳои муқобил ба тааҳҳудот худ бозгарданд, ин имкон вуҷӯд дорад ин васоилу дурбинҳо муҷаддадан кори худро оғоз кунанд. Тибқи қонӯн иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеи миллати Эрон, ки мусавваби Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аст, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ фақат ҳаддиақали назоратҳо ва дар ҳадди подмониро метавонад дошта бошад; албатта агар ғарбиҳо таҳримҳоро лағв кунанд ва ба тааҳҳудоти худашон боз гирданд, Эрон низ ба таъаҳҳудоте, ки зайли БарҶом пазируфта буд, боз хоҳад гашт.