Август 31, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба номаи имом Хумайнӣ ба Горбачёв
    Нигоҳе ба номаи имом Хумайнӣ ба Горбачёв

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ сешанбешаб дар сини 91 солагӣ пас аз як бемории тӯлонимуддат дар бемористоне дар Маскав даргузашт.

Ба баҳонаи фавти Горбачёв яке аз муҳимтарин вақоеи ҳаёти сиёсии вай, яъне номаи таърихии имом Хумайнӣ (раҳ) ба ӯ, ки дар он эшон масоили асосиро матраҳ ва тавсияҳои бисёр муҳимеро ба Горбачёв ироа дода буданд, мавриди бозхонӣ қарор медиҳем.

Яке аз иқдомоти таъсиргузори ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дар арсаи байналмилалӣ бо тавваҷуҳ ба биниши амиқ аз низоми ҷаҳонӣ ва пешбинии эшон аз таҳаввулоти пеширӯ, номаи бисёр муҳиму таърихии эшон ба Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Шуравӣ буд, ки ба унвони санаде муҳим аз дурнигарӣ ва ишрофи ҳазрати имом ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва низ ба унвони иқдоме дар ростои даъват ба мактаби наҷотбахши Ислом дар таърих мондагор шудааст. Ин номаи маъруфу таърихӣ, ки дар он марги коммунизм пешбинӣ шуда, имом (раҳ) дар он бар зарурати парҳези Шуравӣ аз иттико ба Ғарб таъкид фармуда буданд, дар январи 1989 (11 дайи 1367) интишор ёфт ва сипас тавассути ҳайати мунтахаби эшон мураккаб аз оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ ва хонум Марзия Ҳадидачӣ Даббоғ дар 13 дайи 1367 дар Маскав ба Горбачёв таҳвил дода шуд.

Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ин номаи бисёр муҳим дар шароите аз садои шикаста шудани устухонҳои марксизм сухан ба миён овард, ки Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ҳанӯз ба унвони як абарқудрати ҷаҳонӣ матраҳ буд. Баъдҳо дар солгарди реҳлати имом Хумайнӣ (раҳ), Горбачёв тайи мусоҳибае барои ин ки ба ҳушдорҳои он рӯзи бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон беэътиноӣ карда буд, изҳори таассуф намуд. Горбачёв изҳор дошт: «Мухотаби паёми оятуллоҳ Хумайнӣ аз назари ман ҳамаи асрҳо дар тӯли таърих буд».

Вай афзуд: “Замоне ки ман ин паёмро дарёфт кардам, эҳсос кардам, ки шахсе ки ин паёмро навишта буд, мутафаккиру дилсӯз барои сарнавишти ҷаҳон аст. Ман аз мутолеаи ин паём истинбот кардам, ки ӯ касе аст, ки барои ҷаҳон нигарон аст ва моил аст ман инқилоби исломиро бештар бишносам ва дарк кунам».

Горбачёв сипас бо ташреҳи нобасомониҳои иқтисодӣ ва сиёсии Русия гуфт: “Агар мо пешгӯиҳои оятуллоҳ Хумайниро дар он паём ҷиддӣ мегирифтем, имрӯз қатъан шоҳиди чунин вазъияте набудем».

Эътирофи ошкори Горбачёв ба дурустии пешбиниҳои имом Хумайнӣ (раҳ) нишондиҳандаи бинишу басирати амиқи эшон аст, ки фаротар аз он давра, ки ҳанӯз Шуравӣ дар авҷи қудраташ буд, фурӯпошии абарқудрати Шарқро пешбинӣ карда буданд.