Тахтиравончӣ Нию-Йоркро тарк кард
(last modified Thu, 01 Sep 2022 11:27:20 GMT )
Сентябр 01, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ Нию-Йоркро тарк кард

Дипломати аршади Ҷумҳурии исломии Эрон Нию-Йоркро тарк кард, то ба зудӣ Амирсаъиди Еревонӣ-сафиру намояндаи доими ҷадиди Эрон дар Созмони Миллал ба маҳали маъмурияти худ азимат кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон Амирсаъиди Еревонӣ-сафиру намояндаи доими ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк пеш аз ин  дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ ва муовини сиёсати хориҷӣ ва амнияти байналмилалии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллӣ ва низ кордори Эрон дар Ироқ буд .
Тахтиравончӣ дар маросими худоҳофизӣ бо дипломатҳои эронӣ дар маҳали намояндагии Эрон дар СММ ҷонишини худ Амирсаъиди Еревониро дипломати тавонманд ва бисёр хушахлоқ тавсиф кард .
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрони пештар дар дидор бо бархе аз сафирони ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла Амирсаъиди Еревонӣ сафиронро намояндагони низоми исломӣ муаррифӣ кард ки бояд манофеу арзишҳои Ҷумҳурии исломии Эронро намояндагӣ ва таъмин кунанд.

 

Барчасп