Сентябр 01, 2022 17:45 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Нигоҳе ба сафари вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Русия

Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо ишора ба инки равобити Теҳрону Маскав дар масири дурусте қарор дорад, бар лузӯми истимрору тақвияти талошҳои муштарак барои тавсеаи беш аз пеши равобит дар абъоди мухталиф таъкид кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия дар Маскав бо ибрози хурсандӣ аз раванди рӯ ба рушди ҳамкории тиҷории ду кишвар равонсозии ин бахш аз ҳамкориҳову рафъи мавонеъ ва мушкилотро заминасози тақвияти ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар донист . Дар солҳои ахир наздикӣ ва ҳамкории Эрон бо Русия ва бархе кишварҳои дигар муҷиб шуд " ОПЕК-и газӣ " шакл бигирад, то кишварҳои дорои ин манбаи стротежик аз қудрати контроли бештаре бар манобеву манофеи худ баҳраманд шаванд .
Эрону Русия ҳамчунин дар ҳоли омодасозии тавофуқномаи ҳамкории ҷомеъи дарозмуддат ҳастанд, ки пешнависи он таҳия шуда ва ду тараф пайгири ниҳоӣ кардани он ҳастанд ; истифода аз системаи тарокунишҳои молии хориҷ аз swift ва истифода аз арзҳои ҷойгузини доллар низ аз ҷумлаи тарҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрону Русия барои беасар кардани таҳримҳо  маҳсуб мешавад ; ахиран намоди муомилотии ҷуфти арзии риёл - рубл дар бозори муташаккили арзии Эрон дар Бонки марказии Эрон гушоиш ёфтааст, ки саҳми муҳимме дар тавсеаи равобити тиҷории ду кишвари Эрону Русия хоҳад дошт.
Мавзӯи тавсеаи тронзити байни Эрону Русия ва фаъолсозии коридори Шимол - Ҷануб низ аз пружаи муҳими ду кишвар аст, ки ниёзманди роҳандозии хати оҳани Рашт – Осторо аст .Ин хат бо иттисол ба роҳи оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонад нақши меҳвариро барои иртиботи Бандар Аббос ва бандари Чобаҳори Эрон ба Маскав дар Русияву Хелсинки дар Финландия ифо кунад .Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи Русия ҳам дар дидори рӯзи гузаштаи вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Русия ҳамон тур, ки аз узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳимоят кард, аз узвияти Эрон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё низ ҳимоят мекунад.
 

 

Барчасп