Тавсияҳои беҳдоштӣ ба зоирони арбаъини ҳусайнӣ
(last modified Tue, 06 Sep 2022 04:15:38 GMT )
Сентябр 06, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Зоирон барои сабукӣ дар сафар ҳатман аз кафши сабук ва либоси тунук ва кулоҳу айнак истифода кунанд
    Зоирон барои сабукӣ дар сафар ҳатман аз кафши сабук ва либоси тунук ва кулоҳу айнак истифода кунанд

Муовини беҳдошти Донишгоҳи улуми пизишкии Арок гуфт : Зоирони Карбалои маъалло, ки 4 то 6 моҳ аз ваксиносиуни онҳо гузаштааст, ваксиносиуни худро такмил кунанд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, доктор Алии Муҳаммадӣ гуфт : Кулияи зоирон нисбат ба дарёфти дозаи ёдовар ва такмили раванди ваксиносиуни худ иқдом кунанд .

Доктори Алии Муҳаммадӣ дар идома гуфт : Аз кулияи зоирини арбаъин дархост дорем зимни риояти беҳдошти фардӣ нукоти беҳдоштии умумиро дар тӯли сафар ҷиддӣ бигиранд ва барои сабукӣ дар сафар ҳатман аз кафши сабук ва либоси тунук ва кулоҳу айнак истифода кунанд .
Алии Муҳаммадӣ хотирнишон кард : Чунончӣ зоирин доруии хосеро масраф мекунанд, ҳатман барои муддати сафари худ ба миқдори кофӣ доруҳои зарурии худро ба ҳамроҳ дошта бошанд .

Бештар бихонед: