Сентябр 08, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Тарадуди зоирони Арбаъни ҳусайнӣ, меҳвари гуфтугӯи вазирони хориҷаи Эрону Ироқ

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои ироқӣ хостори барқарории тамҳидоти бештар барои вуруди заминӣ ва ҳавоии зоирони Эрон ва ҳамчунин тасҳили вуруди атбои Афғонистону Покистон аз марзи заминии Эрон ба Ироқ шуд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Фуод Ҳусайн, вазири умӯри хориҷаи Ироқ, зимни ташаккуру қадрдонӣ аз меҳмоннавозии каримонаи давлату мардуми Ироқ аз зуввори Арабаъи ҳусайнӣ, хостори барқарории тамҳидоти бештар барои вуруди заминӣ ва ҳавои зоирони эронии Арбаъини ҳусайнӣ ва ҳамчунин тасҳили вуруди атбоъи Афғонистону Покистон аз марзи заминии Эрон ба Ироқ шуд.

Вазири умӯри хориҷаи Ироқ низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо қавли мусоид барои пайгирии умӯри зуввори Арбаъин, ҳузури рӯзи панҷшанбеи вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бағдодро фурсати муносибе барои баррасии наздики умӯр ва барқарории ҳамоҳангиҳои лозим дар ин хусӯс донист.

Вай дар посух ба саволи Амирабдуллоҳиён, ба гуфтугӯи муҷаддад бо ҳамтои саудии худ дар хусӯси мусоидат барои озодсозии ҳоҷии боздоштии Эрон ишора ва ибрози умедворӣ кард, шароити озодии вай ҳарчи зӯдтар фароҳам шавад.

Вазирони умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрону Ироқ дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин дар мавриди охирин раванди музокира барои лағви таҳрим табодули назар карданд.

 

Барчасп