Сентябр 09, 2022 19:28 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти эронӣ ва ӯзбакистонӣ дар мавриди сафари Раисӣ ба Самарқанд
    Ройзании мақомоти эронӣ ва ӯзбакистонӣ дар мавриди сафари Раисӣ ба Самарқанд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳузури оятуллоҳ Раисӣ дар нишасти Шанхай дар Самарқанд, сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Узбакистонро нуқтаи атфе дар муносиботи дуҷониба хонд.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2001 бо ҳадафи муқобила бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамкории физояндаи иқтисодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд.

Ҳинду Покистон дар нишасте, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, узвияти комили ин созмонро ба даст оварданд. Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар СҲШ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар тамоси телефонӣ бо Владимир Норов, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Узбакистон, дар хусуси муҳимтарин мавзуоти мавриди иҳтимоми ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз ҳузури 14 нафар аз сарони кишварҳои мухталиф дар ин иҷлос хабар дод ва яке аз муҳимтарин мавзуот дар дастури кори нишасти Самарқандро тамаркуз бар аҳамияту зарфияти Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони узви ҷадиди Созмони Ҳамкории Шанхай хонд.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон бо ироаи гузорише аз тамҳидоти анҷомшуда барои сафари дуҷонибаи раиси ҷумҳурии Эрон ба Узбакистон, барномаи имзои теъдоде санади дуҷониба дар ин сафарро заминасози иртиқои беш аз пеши муносиботи ду кишвар хонд.