Танини радиои тоҷикии "Садои Хуросон" дар Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i91048-Танини_радиои_тоҷикии_Садои_Хуросон_дар_Узбекистон
Радиои тоҷикии "Садои Хуросон" бо беш аз 30 сол фаъолият дар Тоҷикистон ва пахши минтақаӣ, дар Узбекистон низ шунавандаи зиёде дорад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Сентябр 10, 2022 09:42 Asia/Dushanbe
  • Танини радиои тоҷикии

Радиои тоҷикии "Садои Хуросон" бо беш аз 30 сол фаъолият дар Тоҷикистон ва пахши минтақаӣ, дар Узбекистон низ шунавандаи зиёде дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии "Садои Хуросон", ҷамъе аз шунавандагони ин радио дар вилояти Фарғонаи Узбекистон бо изҳори хурдсандӣ аз дарёфти сигнали ин радио ва истифода аз барномаҳое, ки дар радиои тоҷикӣ тавлид ва пахш мешавад, бахше аз барномаҳое, ки гирандаҳо радиоӣ дар кишварашон дарёфт мекунандро забт ва барои мудирияти ин радио ирсол карданд то ба ҷиҳати кайфияти сигналӣ, мавриди арзёбӣ қарор бигирад.

Фарзодӣ, мудири радиои тоҷикии "Садои Хуросон" бо таъйиди кайфияти сигнали амвоҷи ин радио дар Узбекистон мегуяд, бо баррасиҳои сӯратгирифта, амвоҷи радиои тоҷикӣ илова бар кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон, дар соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистогн ва Русия низ бо кайфияти матлуб қобили дарёфт аст.