Сентябр 10, 2022 09:49 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Эрони исломӣ дар паёме солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфт.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вай ва давлату миллати ин кишвар табрик гуфт.

Раисӣ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, бо тавсеа ва тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, шоҳиди ҳамбастагии беш аз пеши ду кишвар дар ростои манофеи ду миллат бошем.

 

Барчасп