Қобилиятҳои махсуси паҳподи Ораши-2
Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон қобилиятҳои паҳподи Ораши-2-ро махсус ва мунҳасир ба фард донист.
Паҳподи Ораши, ки аз он ба унвони як паҳподи инҳидоми ба манзури ҳадаф қарор додани родорҳои системаи ва дифоъии ҳавоӣ душман ёд мешавад қобилияти ҳамла ба нуқтаҳи ҳасос ва ҳаётии душманро ба сурати нуқтазан дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Киюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии артиш дар гуфтугӯ бо барномаи сафи аввали шабакаи хабари Садо ва Симо гуфт: Паҳподи Ораши-2 системаҳои ҷустуҷугар дорад ва ҳам қобилиятҳои мунҳасир ба фард дорад, ки худашро чан бор бозёби мекунад ва то вақте, ки ба ҳадаф исобат бикунад.
Фармондеҳи нерӯи заминии артиш афзуд: Ин паҳподро махсуси таҳоҷум ба Ҳайфо ва Тел-Авив дар назар гирифтаем.