Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Узбекистон барои ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ
Вазири нафти Эрон ва сарпарасти вазорати энержии Узбекистон барои ҳамкорӣ дар ҳашт меҳвари мухталифи энержӣ тафоҳумнома имзо карданд.
Дар дидори Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти Эрон бо Азим Аҳмадхуҷаев, сарпарасти вазорати энержии Узбекистон, барои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталифи энержии тафоҳумнома имзо шуд. Бар асоси ин гузориш, ҳайати олирутбаи Эрону Узбекистон бар иҷрои муштараки тарҳҳои петрошимӣ дар Эрон, анҷоми фаъолиятҳои заминшиносӣ ва иктишоф дар ҳавзаи нафту газ, арзаи маҳсулоти петрошимии Эрон дар Узбекистон, мубодилаи нафти хом ва фаровардаҳои нафтӣ, таҳқиқи муштарак барои тавсеа ва тиҷорисозӣ котолизорҳо ва маводи шимиёӣ барои корхонаҳои петрошимӣ, ироаи кумакҳои молӣ ва ҳимоят аз ҳамкориҳои бонкӣ барои тавсеаи саноати нафту гази петрошимӣ дар ҳар ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе барои ширкат дар нишасти иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, вориди Самарқанди Узбекистон шуд. Ҷаводи Авҷӣ, вазири нафти низ раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай, як созмони байналмилалии байни давлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шудааст.
Дар нишасти созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд. Ҳамакнӯн Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар СҲШ аст.