Сентябр 15, 2022 10:41 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Эрон ба Узбекистон тақвияти сиёсати ҳамгароии минтақаӣ аст

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Узбекистон тақвияти сиёсати ҳамгароии минтақаӣ аст.

Носири Канъонии Чофӣ дар “Твиттер” навишт: Сафар Саидиброҳими Раисӣ ба Узбекистон барои дидори расмии дуҷониба ва ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ва имзои узвияти доими Эрон дар ин созмон, таҳаввули муҳим ва мондагори дигаре дар тақвияти "сиёсати ҳамсоягӣ, ҳамгароӣ ва пайвастагии минтақаӣ ва умқбахшидан ба чандҷонибагароӣ"аст. Вай тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдии сиёсати хориҷӣ ва густариши равобити хориҷии худ, пӯё, ҳӯшманд ва мутавозин амал мекунад ва ба рағми пайбандӣ ба раванди музокироти рафъи таҳрим, мунтазири БарҶом ва бозгашти Амрико ба тааҳҳудоти БарҶом-ии худ намемонад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе ба даъвати расмии Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳузур дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ба Самарқанди Узбекистон рафт.

 

Барчасп