Сентябр 18, 2022 16:49 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии кишварҳо ба ҳамкори бо Ҷумҳӯрии Исломи нишондиҳандаи шикасти талошҳо барои канорагирии Эрон аст
    Алоқамандии кишварҳо ба ҳамкори бо Ҷумҳӯрии Исломи нишондиҳандаи шикасти талошҳо барои канорагирии Эрон аст

Раисӣ дар бозгаш аз Узбакситон гуфт Сафар ба Самарқанд дар ростои тақвияти сиёсати ҳамсоягӣ ва ҳамаҷонибагароии иқтисодӣ Эрон анҷом шуд

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ бомдоди шанбе дар бозгашт аз сафарни се рӯза ба Узбакистон дар  натоиҷ ва дастовардҳои ин сафар, бо баёни ин, ки сафар ба Самарқанд  дар ростои тақвияти сиёсати ҳамсоягӣ ва ҳамаҷонибароии иқтисодӣ Эрон анҷом шуд, гуфт: Дар ростои ин нигоҳ ибтидо дидори дуҷониба бо Раиси Ҷумҳӯр ва мақомоти олирутбаи Узбакистон доштем.

Раиси Ҷумҳӯр бо ишора ба ин, ки дар 20 соли гузашта масъулини олии Эрон ва Узбакистон сафари мутақобиле аа кишварҳои яктигар доштаад, афзӯд: Масоили мавриди алоқаи тарафайн дар арсаи тамадунӣ фарҳангӣ ва низ ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар ҳшшавзаҳои транзетӣ ва энергӣ, дар дидорр бо мақомоти Узбакистон мавриди м аҳс ва барраси қарор гирифт.

Вай афзуд:  Тарафи узбакситонӣ эълом карод, ки тамойил дорад ҳамкори бо Эронро дар аввалияти сиёсатҳои худ қарор диҳад ва ин замина ва имкони хубе барои ҳарду кишвар аст.

Раисӣ бахши баъдии барномаҳои сафари худ ба Узбакистонро дидор бо сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай унвон кард, ки дар иҷлоси Самарқанд ширкат карда буданд ва изҳор дошт: Дар ин росто беш аз 10 дидор доштем ва масоили дуҷониба ва иртиботи иқтисодӣ ва тиҷориро мавриди баҳсу барраси қарор додем.

Раиси ҷумҳур бо баёни ин ки дар ин дидорҳо иродаи ҷиддии Ҷумҳурии Исломӣ дар рушди равобити ҳамсоягӣ барои тарафайн муҳрат ва тасмимоти хуби барои густариши ҳамориҳо иттихоз шуд таъкид кард: Сарони кишварҳои Чин, Покистон, Ҳинд ва дигар кишварҳо ба шакли расми аз банда барои сафар даъват ба амал оварданд, ки ин сафарҳо дар замони муносиб барои пайгирии тавофуқоти суратгирифта дар ин дидорҳо анҷом хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳур бо ишора ба эъломи иртиқои узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар нишасти Самарқанд гуфт: Узвияти расимии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай заминаи хуберо ҷиҳати иртибот бо зерсохтҳои иқтисодии минтақа барои фаъолони иқтисодии Эрон фароҳам мекунад ва аз ҳамаи фаъолони иқтисодӣ ва ширкатҳои тавлиди мехоҳем бо таваҷҷуҳ ба иқболи кишварҳои минтақа барои ҳамкории бо Эрон ва истифода аз колоҳои сохти Эрон кору талоши худро дар масири баҳра гирифтан аз ин фурсат музоъаф кунанд.