Эҷоди масири транзитии ҷадид миёни Эрону Афғонистон
(last modified Mon, 19 Sep 2022 08:47:40 GMT )
Сентябр 19, 2022 13:47 Asia/Dushanbe
  • Роҳи транзитии нав миёни Эрону Афғонистон
    Роҳи транзитии нав миёни Эрону Афғонистон

Мақомоти Толибон аз эҷоди масири транзитии ҷадид барои афзоиши муносиботи тиҷорӣ миёни Эрону Афғонистон хабар доданд.

Мавлавӣ Фозилмуҳаммади Фазлӣ, раиси идораи санъату тиҷорати Толибон дар Нимрӯз гуфт, бо сохти ин роҳи ҷадид дар канори роҳи пули Абрешим, раванди доду ситад байни Эрону Афғонистон суръат меёбад.

Чанд моҳи пеш ҳайате ба раёсати Мулло Бахтурраҳмон Шарофат, раиси идораи хати оҳани Толибон ба Эрон сафар карда буд то заминаи ҳамкории рейлӣ миёни ду кишварро баррасӣ кунад.

Бар асоси эъломи идораи роҳи оҳани Толибон, ин ҳайат дар бораи оғози интиқолоту танзими барномаҳои омӯзишӣ барои персонали идораи хати оҳани Афғонистон низ бо масъулони эронӣ гуфтугӯ кардааст.

Ҳайати Толибон ҳамчунин дар бораи пешниҳоди Эрон дар хусуси сармоягузорӣ дар хати оҳани Афғонистон бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ кардааст.

Такмили қитъаи сеюм хати оҳани Хофи Ҳирот низ аз ҷумлаи мавзуоти мавриди баррасӣ дар ин сафар будааст.