Раисӣ: Созмони Миллали Муттаҳид набояд Созмони давлатҳои қудратманд бошад
(last modified Tue, 20 Sep 2022 05:30:36 GMT )
Сентябр 20, 2022 10:30 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Созмони Миллали Муттаҳид набояд Созмони давлатҳои қудратманд бошад
    Раисӣ: Созмони Миллали Муттаҳид набояд Созмони давлатҳои қудратманд бошад

Оятуллоҳ Сайид Ибрроҳими Раисӣ раис Ҷумҳӯр бо баёни ин, ки Созмони Миллали Муттаҳид набояд Созмони давлатҳои қудратманд бошад, таъкид кард: Таҳрим, терроризм ва ҷангу хунрези натиҷаи якҷонибагароӣ аст.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, Раисӣ, ки барои ширкат дар нишасти сарони ҳафтодуҳафтумин Маҷмаи умуми Созмони Миллали Муттаҳид зуҳри душанбе ба вақти  маҳалӣ дар садри ҳайати баландпоя вориди Ню Йорк шудаааст дар Маҷмаи хабарнигорон ба ташреҳи барномаҳои худ дар ин сафар пардохт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳангоми вурӯд дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Дар ин сафар табиатан бо таваҷҷӯҳ ба фурсате, ки вуҷӯд дорад ба тадбини дидгоҳо ва назароти Ҷуҳӯрии Исломии Эрон хоҳам пардохт ва нуқтаи назаротро ба иттилои ширкаткунандагон ва касоне, ки шунавандаи ин сухан ва паём бошанд, хоҳам расонд.

Раис Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳамчунин масоили терроризмро аз дигар мавзуъоти мавриди барраси дар Маҷмаи умумии Созмони Миллал унвон кард.

Оятуллоҳ Раисӣ раис Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои ширкат дар нишасти сарони ҳафтодуҳафтумин Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид зуҳри душанбе ба вақти маҳали дар садри ҳайати баландпоя вориди фурӯдгоҳи JFK Ню Йорк шуд. 

Амир Абдуллоҳиён вазири хориҷа, Алӣ Боқирӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷа ва раиси тими музокира кунандаи Эрон дар музокироти лағви таҳримҳо,  Ғуломҳусайни Исмоилӣ раиси дафтари раиси Ҷумҳӯр ва Ваҳид Ҷалолзода раиси Камисиюни амнияти милли ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шурои исломӣ, Раис Ҷумҳӯри Исломи Эронро дар ин сафар ба Ню Йорк ҳамроҳи мекунанд.

Бештар бихонед: