Сентябр 20, 2022 14:38 Asia/Dushanbe
  • Дар даври дуввум низ  ҳарифи Фатҳипур ҳозир ба мубориза кардан бо вай нашуд
    Дар даври дуввум низ ҳарифи Фатҳипур ҳозир ба мубориза кардан бо вай нашуд

Маҳдии Фатҳипур намояндаи вазни 81-килограми тимми миллии ҷудуи Эрон дар финоли мусобиқоти Ҷоми раёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба медали нуқра расид.

Ба гузориши Садои Хуросон, мусобиқоти ҷудуи Ҷоми раёсат Чумҳӯрии Тоҷикистон дар ҳоле аз рӯзи душанбе 19-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд, ки тими милли ҷудуи Эрон бо се намоянда дар ин мусобиқот ҳузӯр пайдо кардааст.

Маҳдии Фатҳипур намояндаи вазни 81-килограми тими милли ҷудуи Эрон дар нахустин мубориза, Наҷмиддини Муҳаммадшарифи тоҷикистониро шикаст дод ва ба даври дуввум роҳ ёфт.

Дар даври дуввум низ  ҳарифи Фатҳипур ҳозир ба мубориза кардан бо вай нашуд.

Намояндаи Эрон дар марҳилаи як ҳаштуми нишҳоӣ ба мусофи намояндаи Узбакистон рафт ва бо шикасти  Тоҷаев ба нимаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар нимаи ниҳоӣ Фатҳипур дар сонияҳои поёни муваффақ шуд  Ғаниҷон Ғаниев аз Тоҷикситонро шикаст дода ва ба финали мусобиқот роҳ ёбад.

Фатҳипур дар финали ин рақобатҳо ба масофи Ҳамроз Раҷабов аз Тоҷикистон рафт ва ба медали нуқра расид.

Барчасп