Сентябр 21, 2022 12:24 Asia/Dushanbe
  • Гоми амалӣ, ки нишонгари ҷуброни рафторҳои давлати гузаштаи Амрико бошад, мушоҳида нашуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, гомҳои амалӣ ва ҷиддӣ аз сӯи давлати Амрико, ки нишонаи ҷуброни рафторҳои гузашта ва рафъи таҳримҳои золимонаи ин кишвар бошад, мушоҳида нашудааст.

Саидиброҳими Раисӣ бомдоди чаҳоршанбе (ба вақти Теҳрон) дар дидори Ги Пармелин, раисиҷумҳури Швейтсария дар ҳошияи 77-умин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо ишора ба инки давлати кунунии Амрико муддаии мухолифат бо тасмимҳои давлати қабл ва бозгашт ба тавофуқ аст, гуфт, мушкили қазияи ҳастаӣ тасмим нагирифтани амрикоиҳост; ин Амрико буд, ки аз БарҶом хориҷ шуд на Эрон ва бо вуҷӯди амал кардани Эрон ба таъаҳҳудоти худ, тарафҳои ғарбӣ аз анҷоми таъаҳҳудоташон сар боз заданд. Раисӣ бо таъкид бар инки Эрон мизи музокираро тарк накарда ва барои як тавофуқи хуб ва одилона омодааст, гуфт, бо таваҷҷуҳ ба собиқаи Амрико, мутолибаи Ҷумҳурии исломӣ барои дарёфти тазмини пойдории тавофуқ, мутолибае комилан мантиқӣ аст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, бо вуҷӯди 40 сол фишору таҳрим, Эрон на танҳо мутаваққиф нашуда, балки пешрафт кардааст, бинобар ин силоҳи таҳрим короии худро аз даст додааст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ёдоварии равобити дуҷонибаи Эрон ва Швейтсария, ин равобитро дӯстона ва хуб хонд ва бар густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва бахусӯс тасҳили равобити пулӣ ва бонкии ду кишвар таъкид кард.

Пармелин низ бо таъкид бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба, гуфт, аз соли 2016 нақшаи роҳ барои беҳбуди равобити тиҷории ду кишвар тарсим шуд ва мавонеъи сиёсӣ ва геополитик бояд аз сари роҳи ҳамкориҳои ду кишвар канор зада шавад. Вайя ҳамчунин амнияти Эрон ва ғарби Осиёро зомини амнияти Аврупо донист ва гуфт, ҳамкориҳои пулӣ ва бонкӣ, аз ҷумла арсаҳои қобили густариш дар равобити ду ҷониба аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар 77-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ба Ню-Йорк сафар кардааст. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи олии сарони кишварҳо аз рӯзи сешанбе (20 сентябр) то душанбе 26 сентябр ба ҳамроҳи дипломатҳои аршад аз кишварҳои мухталиф ба кори худ идома хоҳад дод ва дар ҳошияи он даҳҳо нишасти дуҷониба ва чандҷониба баргузор хоҳад шуд.

Барчасп