Сентябр 21, 2022 13:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Ҳақоиқи дифои муқаддас бояд ба гӯши ҷавонҳо бирасад

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: Ҳақоиқи дифои муқаддас бояд ба гӯши ҷавонон бирасад, насли ҷадид хеле аз масоилро намедонад, вақте ҳарфе аз дифо муқаддас мешавад мебинем ҷавонон хеле иттилоъ надоранд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз фармондеҳон ва размандагони дифои муқаддас дар остонаи Ҳафтаи дифои муқаддаси афзӯнад: Ҳақоиқи дифои муқаддас бояд ба гӯши ҷавонон бирасад. Насли ҷадид хеле аз масоилро намедонад. Вақте ҳарфе аз дифо муқаддас мешавад мебинем ҷавонон хеле иттилоъ надоранд.

Эшон фармуданд: Ҳақоиқе, ки дар дифои муқаддаси мо ба он таваҷҷуҳ дорем дигар имрӯз иддао нест; рӯзе иддао мекардем, ки тамоми қудратҳои ҷаҳонӣ бо мо меҷанганд, аммо алон худи касоне, ки мегуфтанд мо фақат иддао мекунем худашон эътироф ба ин масаъла мекунанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ гуфтанд, як рӯзе мо иддао мекардем, ки тамоми кишварҳо дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи Ҷумҳурии исломӣ меҷангиданд, имрӯза тамоми он кишварҳо ин мавзӯро таъйид мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, ҳамлаи Ироқ ба Эрон ғайримунтазира набуд, истикбори ҷаҳонии ҳомии Саддом буд, кишварҳои истикборӣ ба Саддом дар ҷанги таҳмилӣ кумак карданд.

Эшон гуфтанд, ҳамлаи ин кишварҳо ба низоми инқилобӣ комилан табиӣ буд, чун онҳо аз Инқилоби исломии Эрон ба шиддат асабонӣ буданд. Ин инқилоб корҳоеро анҷом дод, ки худи мо хеле мутаваҷҷеҳ он набудем, аммо истикбори ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳи он шуда буд. Инқилоби исломии Эрон таҳдиди императории низоми султа буд.

Машрӯҳи ин хабар пас аз дарёфт аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мунташир хоҳад шуд.

 

Барчасп