Равобити Эрон ва Покистон муттакӣ бар иштирокоти фарҳангии ҳазорон сола аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, равобити Эрон ва Покистон, равобити амиқу муттакӣ ба иштирокоти фарҳангӣ ва эътиқодии ҳазорон сола аст.
Саидиброҳими Раисӣ дар дидор бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар ҳошияи 77-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо ишора ба инки Ҷумҳурии исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳо ва иртиқои сатҳи равобит бо Покистон иродаи ҷиддӣ дорад, афзуд: Эрон маҳдӯдияте барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Покистон дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ ва ҳамлу нақл надорад.
Раисӣ бо ибрози ҳамдардии муҷаддад бо миллати Покистон барои хисороти ҷонӣ ва молии сели ахир дар ин кишвар гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон аз ироаи ончӣ дар тавон дорад барои кумак ба селзадагони покистонӣ дареғ нахоҳад кард. Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон низ гуфт, Эрон ва Покистон аъзои як хонавода ҳастанду Исломобод алоқаманд ба густариши ҳарчӣ бештари равобит бавижа дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо кишвари дӯсту бародари худ Эрон аст.
Нахуствазири Покистон ҳамчунин аз ҳимоятҳои давлату миллати Эрон аз кишвараш бавижа дар ҷараёни вуқуъи сели ахир қадрдонӣ кард.
Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо нахуствазири Ироқ ҳам мулоқот кард.
Саидиброҳими Раисӣ дар ин мулоқот гуфт, умедворем тафоҳуми тарафҳои ироқӣ ба ташкили давлати муқтадир дар ин кишвар мунҷар шавад.Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба суханони нахуствазири Ироқ дар бораи лузӯми тасреъ дар такмили лоиҳаи роҳи оҳани Басра ба Шаламча изҳор кард, рафъи гиреҳи кучаки ин лоиҳа ва такмили сареътари он натоиҷ ва дастовардҳои азиме дар густариши таъомулоту ҳамкориҳои дуҷониба ва низ тасҳили тараддуди зоирон ба амокини муқаддасаи ду кишвар хоҳад дошт.
Раисиҷумҳури Эрон дар идома бо қадрдонӣ аз ҳусни нияту талошҳои давлати Ироқ ва шахси нахуствазири ин кишвар барои беҳбуди равобити кишварҳои минтақа бо якдигар ва аз ҷумла Эрон ва Арабистон тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон аз ислоҳи равобит бо Арабистон истиқбол мекунад, аммо исрор дорем, ки ин раванд бар асоси тавофуқоту тафоҳумоти анҷом шуда дар гуфтугӯҳои масъулони ду кишвар дар Ироқ пеш биравад.
Мустафо Ал Козимӣ, нахуствазири Ироқ низ дар ин дидор бо сипосгузорӣ аз ибрози ризояти мақомоту мардуми Эрон аз меҳмоннавозии мардуми Ироқ аз зуввори Имом Ҳусайн (а) гуфт, мардуми Ироқ танҳо ба вазифаи худ дар қиболи зуввори азизи Имом Ҳусайн (а) амал кардаанд.