Сентябр 21, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Даврони дифоъи муқаддас набояд ба фаромуши супорида шавад
    Генерал Боқирӣ: Даврони дифоъи муқаддас набояд ба фаромуши супорида шавад

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Иҷоза дода намешавад даврони пурифтихори дифоъи муқаддас ба фаромуши супорида шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар маросим дидори пешкисватони дифоъи муқаддас бо Раҳбари муаззами инқилоби исломи дар остонаи чилдуюмин солгарди оғози ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ зидди Эрон афзуд: Дифоъи муқаддас тазминкунандаи ҳувият, амният, иззат ва шукуҳи миллати Эрон бо Алтофи Худованд ва бо раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ(р) ва хуни шаҳидон ба ганҷинаи бузург ва сармояи мондгор барои тадовуми талош ва пешрафт ва иззати Эрони исломӣ табдил шуд.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Чи бисёри сахтиҳои бузург дар даврони дифоъи муқаддас, ки бо иттико ба Худо ва муҷоҳидатиҳои холисона ба пирӯзиҳои бузург табдил шуд ва шояд яке аз онҳо табдили бунбасти шикаст ба пирӯзи бо тағири ҷанги класик ба набарди инқилобӣ бо тактики буми ва ваҳдати Артиш ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, ки ниҳоятан ба озодсозии Хурамшаҳ дар амалиёти Байтулмуқаддас ва дигар пирӯзиҳои бузуг анҷомид.

Панҷшанбе 22 сентябри соли 2022 баробар бо солрӯзи шуруъи ҷанги таҳмилии режими баъсии Ироқ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Артиши мутаҷовизи дектатори эъдомшудаи Ироқ 31 шаҳривари соли 1359 баробар бо сентябри соли 1980 бо ин тасавур ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард, таҳоҷуми густардаеро ба коргирии анвоъи таҷҳизот ба Эрон оғоз кард. 31 шаҳривар моҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози ҳафтаи дифоъи муқаддас аст дар ин як ҳафта маросими мухталифи дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп