Сентябр 22, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Эрон ба 3 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар Афғонистон

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул рӯзи чаҳоршанбе аз ирсоли кумакҳои башардӯстонаи ҷадиди Эрон ба муносибати Арбаини ҳусайнӣ (а) ба шаҳрҳои Кобулу Ҳироти Афғонистон хабар дод.

Сафорати Эрон дар Кобул дар “Твиттер” эълом кард, тавзеъи кумакҳои инсондӯстона ва муъминонаи Эрон ба муносибати Арбаини Ҳусайнӣ (а) байни 3 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар шаҳрҳои Кобулу Ҳирот анҷом шудааст.

Ҳафтаи гузашта низ кумакҳои башардӯстонаи Эрон барои селзадагони Афғонистон ирсол шуда буд.

Ҳимояту кумак ба мардуми Афғонистон, сиёсати усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳҳои ахир борҳо бар ҳимояти Эрон аз мардуми Афғонистон дар шароити сахти кунӯнӣ, ки амволи мардуми мазлӯми ин кишвар аз сӯи кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико мусодира шуда, таъкид кардаанд.

 

Барчасп