Сентябр 23, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоӣ алайҳи ошӯбгарон дар Эрон
    Роҳпаймоӣ алайҳи ошӯбгарон дар Эрон

Намозгузорону ақшори мардумӣ дар шаҳристонҳои мухталифи Эрони исломӣ ва дар Теҳрон рӯзи ҷумъа, пас аз баргузории намози ҷумъа, алайҳи ошӯб, ноамнӣ ва иқдомоти ғайриқонунӣ роҳпаймоӣ карданд.

Ҳамлаи ошӯбгарон ба амволи умумиву хусусӣ ва ҳофизони назму амният ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ, шаби панҷшанбе дар Теҳрон ва чанд шаҳри Эрон идома дошт.

Дар ин ошӯбҳо мошинҳои имдодӣ, омбулонсҳо ва мошинҳои оташнишонӣ низ аз ҳамлаи ошӯбгарон дар амон намонд. Ба тавре, ки то кунун чандин нафар аз мутахассисони пизишкӣ ва маъмурони имдодӣ захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шуданд, 61 мошини ёрии таъҷилӣ тахриб шуд.

Ба гуфтаи Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон дар рӯзҳои ахир 23 мошини оташнишонӣ осеб дида ва 43 дастгоҳ автобус ва 54 истгоҳ ба баҳонаи эътироз тахриб шуд.

Ҳамчунин теъдоде аз маъмурони интизомӣ, ки барои ҷилавгирӣ аз тахриби амволи умумӣ иқдом карда буданд, тавассути ошӯбгарон ба шаҳодат расиданд.

Бо вуҷуди ин иқдомоти тахрибӣ тавассути иддае маъдуд аз ихлолгарон ва талоши расонаҳои душман барои таҳрики афкори умумӣ, рӯзи ҷумъа вазъият дар саросари Эрон ором гузориш мешавад.

Дар ҳамин росто низ баъд аз намози ҷумъа, намозгузорон дар шаҳристонҳои мухталифи Эрони исломӣ дар маҳкумияти иқдоми ошӯбгарон роҳпаймоӣ карданд.

Роҳпаймоён бо сар додани шиорҳое ошӯб, ноамнӣ ва иқдомоти ғайриқонуниро маҳкум карданд.

Дар поёни ин роҳпаймоӣ қатъномаи поёнии тазоҳуроти бузурги мардуми Эрон дар маҳкумияти фитнагарону ҳурматшиканҳо ба муқаддасоти динӣ ва иқдомоти ғайриқонунӣ қироат шуд.