Таъкиди Гурӯҳи 77 ба изофаи Чин бар лағви фаврии таҳримҳои Эрон
(last modified Sat, 24 Sep 2022 08:34:35 GMT )
Сентябр 24, 2022 13:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Гурӯҳи 77 ба изофаи Чин бар лағви фаврии таҳримҳои Эрон

Гурӯҳи 77 ба изофаи Чин дар баёнияе хостори рафъи фаврии иқдомоти якҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Амрико бузургтарин кишвари таҳримкунанда дар ҷаҳон маҳсӯб мешавад, ки дар ростои аҳдофу манофеи худ бештарин собиқаро дар эъмоли анвоъи таҳримҳо алайҳи дигар кишварҳо дорад. Ин таҳримҳо, ки ба баҳонаҳои мухталиф алайҳи кишварҳои мустақил, аз ҷумла Эрон вазъ шудааст, сабаб шуда то дастрасии ин кишварҳо ба бозорҳои мухталифи ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои таҳияи малзумоти пизишкӣ, таҷҳизот ва дорӯ бо монеъ рӯбарӯ шавад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Гурӯҳи 77 + Чин дирӯз ҷумъа, бо судӯри баёнияе, зимни мухолифати сареҳ бо иқдомоти якҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Теҳрон дар тавофуқи ҳастаӣ ҳимоят карданд.

Исҳоқ Ол Ҳабиб, мушовири вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва намояндаи Эрон дар 46-умин иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои узви Гурӯҳи 77 ба иловаи Чин низ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди мушкилоти ношӣ аз таҳримҳои якҷонибаи иқтисодии ғайриқонӯнӣ, мизбоне саховатманд барои бисёре аз атбои хориҷӣ, будааст ва имконоти лозим барои омӯзиш, тағзия ва беҳдошти атбоъи хориҷиро бидуни ҳеҷ гуна табъизе фароҳам кардааст.

Вай афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кумак ба амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар арсаҳои мухталифи мубориза бо маводи мухаддир ба ҷиҳати ҳамсоягӣ бо бузургтарин тавлидкунандаи маводи афюнӣ дар дунё, мутаҳаммили миллиардҳо доллар ҳазинаҳои моддӣ ва ҳамчунин маънавии фаровон, аз ҷумла ҳазорон шаҳид ва маҷрӯҳ шудааст.

Бештар бихонед: