Эҳзори сафирони Англия ва Норвегия ба вазорати хориҷаи Эрон
Дар вокуниш ба фазосозии душманонаи расонаҳои форсизабони лондоннишон алайҳи Ҷумҳуруии исломии Эрон, рӯзи гузашта мудири кулли ғарби Аврупои вазорати хориҷа, сафири Англияро ба вазоратхона эҳзор кард.
Ба гузориши сайти вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин дидор маротиби эътирози шадиди Эрон ба давлати Англия ба воситаи мизбонии ин кишвар аз расонаҳое, ки дар рӯзҳои ахир таҳрик ва даъват ба иғтишош ва густариши ошӯбҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эронро дар садри барномаҳои худ қарор додаанд, ба сафир иблоғ ва таъкид шуд ин амр ба манзалаи дахолат дар умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва иқдом алайҳи ҳокимияти миллии Эрон талаққӣ мешавад. Сафири Англия дар посух изҳор дошт, маротибро билофосила ба Лондон гузориш мекунад.
Ҳамчунин дар иртибот бо мавозеъи мудохилаҷӯёнаи раиси порлумони Норвегия дар қиболи таҳаввулоти дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи шанбе сафири Норвегия дар Теҳрон тавассути мудири кулли ғарби Аврупо ба вазорати умури хориҷа эҳзор шуд.