Сентябр 30, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ ба Амрико ҳушдор дод
    Боқирӣ ба Амрико ҳушдор дод

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, агар амрикоиҳо нисбат ба паҳподҳои эронӣ, иқдоме хасмона дошта бошанд, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба он посухи қотеона хоҳанд дод.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ, дар бораи иддаои инҳидоми як фарванд паҳподи эронӣ тавассути нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ афзуд, агар амрикоиҳо нисбат ба паҳподҳои Эрон иқдоми хасмона дошта бошанд, ҳаққи муқобила ва интиқом барои Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳфуз аст .

Генерал Боқирӣ бо таъкид бар ин ки нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ иттилооти комил ва дақиқе нисбат ба пойгоҳҳои амрикоии Ҳарир, Эрбил ва Даҳук дар Ироқ доранд, тасреҳ кард, Эрон фақат бо таҷзияталабҳои террорист дар ҳоли бархӯрди сахти низомӣ аст ва ҳеҷ иқдоме дар ин мақтаъ нисбат ба амрикоиҳо надорад.

Вай дар ин ҳол таъкид кард, иддаои амрикоиҳо дар бораи инҳидоми паҳподи размии Ҷумҳурии Исломии Эрон собит мекунад, Амрико бо террористҳо ва таҷзияталабҳо ҳамдаст буда ва бо гуруҳҳои таҷзияталаб ва террорист ҳамкорӣ мекунанд.

Генерал Боқирӣ бо тавсия ба кишварҳои ҳамсоя, ки пойгоҳҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ дар онҳо мустақар аст, гуфт, агар иқдоми хасмонае зидди амнияти миллӣ ва манофеи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз пойгоҳҳои амрикоӣ дар кишварҳои ҳамсоя иттифоқ биафтад, ҳатман посухи қотеъ дода мешавад.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо таъкид бар ин ки дӯстии Эрон бо кишварҳои ҳамсоя, як расму русуме дорад ва агар ин расму русум риоят нашавад, бояд интизори посухи мантиқӣ ва мутақобил дошта бошанд, афзуд, муқобила бо ҳар гуна иқдоми душман ҳаққи қонунии Эрон аст.

 

Барчасп