Декабр 06, 2016 17:42 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Посухи Эрон ба нақзи БАРҶОМ қотеъ хоҳад буд

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Эрон ба Амрико иҷоза намедиҳад, ки БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаи)-ро нақз ё пора кунад.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи сешанбе дар суханронии маросими рӯзи донишҷӯ ва дар Донишгоҳи Теҳрон, дар бораи давлати ояндаи Амрико ва таҳдидҳо барои нақз ва пора кардани БАРҶОМ гуфт: Амрико наметавонад дар ирода, истодагӣ ва муқовимати миллати Эрон таъсиргузор бошад.

Рӯҳонӣ бо баёни инки Амрико дар масири иҷрои БАРҶОМ тахаллуф мекунад, тасреҳ кард: Агар таҳримҳои 10 солаи Амрико зидди Эрон аз сӯи раисҷумҳури Амрико иҷроӣ шавад, вокуниши Эрон қотеъ ва муносиб хоҳад буд.

Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Фардо дар бораи навъи вокуниш ва посухи Эрон ба иҷроӣ шудани таҳримҳои 10 солаи Амрико зидди Эрон тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Сенати Амрико панҷшанбеи гузашта мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Амрико мабнӣ бар тамдиди 10 солаи «қонуни таҳрими Эрон» мавсум ба I.S.A-ро бо 99 раъйи мувофиқ ва бидуни ҳеч раъйи мухолиф тасвиб кард ва ба ин тартиб, Конгресси Амрико ба идомаи таҳримҳои Эрон то поёни соли 2026 раъй дод.

Қонуни таҳримҳои зидди Эрон дар интизори имзои Барак Обама, раисҷумҳури Амрикост.

Раисҷумҳури исломии Эрон дар бораи тавтеаҳои душманон дар бораи эронҳаросӣ низ гуфт: Эрон барои ҳеч кишваре хатар нест, балки Амрико ва режими саҳюнистӣ хатаре барои ҷаҳониён ҳастанд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар истиқлоли сиёсӣ дар Эрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба масири худ дар роҳи пешрафт ва инқилоб идома медиҳад.

 

Барчасп