Сафорати Эрон дар Лисбун нахустин шиносномаи фарзанди модари эрониро содир кард
(last modified Sat, 01 Oct 2022 05:56:21 GMT )
Октябр 01, 2022 10:56 Asia/Dushanbe
  • Қонуни атои шаҳрвандии Эрон ба фарзанди ҳосили ин издивоҷи занони эронӣ бо мардони хориҷӣ дар соли 2020 ба тасвиб расид
    Қонуни атои шаҳрвандии Эрон ба фарзанди ҳосили ин издивоҷи занони эронӣ бо мардони хориҷӣ дар соли 2020 ба тасвиб расид

Сафир Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Партугалия аз судури нахустин шиносномаи фарзанде аз модари эронӣ ва падари хориҷӣ( партугалияӣ) дар ин сафоратхона хабар дод.

Ба гузориши рӯзи ҷӯмъаи Ирно Муртазои Доманпок сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Партугалия гуфт: Бо судури ин шиносномаи  Андрей фарзанди ҳосили издивоҷи модари эронӣ бо падари партугалияӣ, соҳиби аввалин шиносномаи эронӣ содира дар Лисбун шуд.

Қонуни атои шаҳрвандии Эрон ба фарзанди ҳосили ин издивоҷи занони эронӣ бо мардони хориҷӣ дар соли 2020 ба тасвиб расид ва бар асоси он ҳар зани эроние, ки бо марди ғайри  эронӣ издивоҷ карде ва дар натиҷаи ин издивоҷ, дорои фарзанди зери 18 сол бошад ва ҳар фарде, ки  аз модари  эронӣ ва падари ғайри  эронӣ мутаввалид шуда бошад, метавонад шиносномаи эронӣ дарёф кунад.

Меъёр эронӣ будани модар асноди ҳувияти уст ва меъёри издивоҷи шаръии модари эронӣ бо падари хориҷӣ фарзанди машмули ин қонун, ақдномаи расми ё ҳар санати  муътабари қонунӣ мабнӣ бар вуқуи никоҳ ё судури райи қазоӣ (дохили ё хориҷӣ) мабни бар вуҷӯди равобити зувҷияти ӯ аст.