Октябр 03, 2022 21:56 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ барои интиқоли манобеъи арзии озодшудаи Эрон ба як кишвари ҳамсоя
    Тавофуқ барои интиқоли манобеъи арзии озодшудаи Эрон ба як кишвари ҳамсоя

Нурнюз расонаи вобаста ба Шӯрои олии амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон гузориш дод: Барои интиқоли манобеъи арзии озодшудаи Эрон ба як кишвари ҳамсоя тавофуқ шуда аст.

Нурнюз расонаи вобаста ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гузориш дод танҳо монеъ барои интиқоли ваҷҳи озодшудаи Эрон дар Кореяи Ҷануби таъини ҳисоб ва бонки омил мавриди пазириши тарафайн буд, ки ин бонк ҳам дар яке аз кишварҳои минтақа таъин шуд ва мавриди тавофуқи тарафайн қарор гирифта аст.

Ба гузориши Нурнюз расонаи вобаста ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо тадовуми гуфтугӯҳое, ки бо восита миёни Эрон ва Амрико анҷом шуд бонки марказии яке аз кишварҳои минтақа ба унвони бонки омил барои воризи ваҷҳи озодшудаи Эрон дар Кореяи Ҷануби мавриди тавофуқ қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш музокироти марбут ба табодули зиндониён ва озодсозии манобеъи арзии Эрон дар кишварҳои хориҷӣ моҳҳо қабл анҷом шуда буд, аммо тарафи амрикоӣ пас аз чанд бор коршинкани ахиран барои иҷрои тавофуқоти қабли эъломи омодагӣ кард.

Бархе мақомоти расими ва расонаҳои ғарби бо баёни ин нукта, ки озодии Боқири Намози шаҳрванди ду тобеъати дар қиболи рафъи инсидоди манобеъи арзии Эрон дар Кореяи Ҷануби набуда ва талош карданд хабари озодсозии ваҷҳи арзии булукашудаи Эрон дар Кореяи Ҷанубиро ба ҳошия бибаранд.

Нурнюз аз як манбаъи муталеъи амнияти касби иттилоъ кард, ки табодули чаҳор зиндонии дар Эрон бо чаҳор зиндонии дар Амрико ба иловаи озодсозии манобеъи арзии Эрон дар Кореяи Ҷануби мавриди тавофуқ қарор гирифта ва озодии Боқири Намози, ки ба далоили инсондустона анҷом шуд иртиботи ба тавофуқи зикршуда надорад.

 

Барчасп