Июл 28, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба куштори ҷануби Яман

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон куштори мардуми Яман, дар рӯстои Ассарорӣ дар устони Таъизи ин кишварро мисдоқи ҷиноят алайҳи башарият донист ва эълом кард, ин ҷиноят нишонаи дармондагии нерӯҳҳои вобаста ба Арабистон аст.

Баҳроми Қосимӣ, рӯзи чаҳоршанбе зимни маҳкӯмкардани ҷинояти нерӯҳҳои вобаста ба Арабистон дар устони Таъизи Яман, тасреҳ кард, куштори густарда ва бе эҳтиромӣ кардан ба ҷасадҳои аҳолии ғайринизомии як рӯсто, мисдоқи боризи наслкушӣ аст.

Вай гуфт, аз онҷо ки ин ҷиноят дар чорчӯби як ҳамлаи созмонёфтаи густарда алайҳи як ҷамъияти ғайринизомӣ сурат гирифта, мисдоқи ошкори ҷиноят алайҳи башарият буда ва ҷинояти ҷангӣ маҳсӯб мешавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷа, истимрори куштори ғайринизомиён аз ҷумла иқдомоти ғайри инсонӣ ва фоҷеаҳоро нишонаи дармондагӣ ва аҷзи нерӯҳҳои вобаста ба Арабистони Саудӣ баршумурд ва ҳушдор дод, идомаи сиёсати ҷангталабӣ, ҳимоят ва тағзияи терроризми такфирӣ, ки чеҳраи воқеии ин режим ба унвони падари Алқоида ва ДИИШ-ро нишон дод, қатъан ононро дар ботлоқе фурӯ мебарад, ки имкони раҳоӣ аз он мумкин нахоҳад буд.

Мӯдурони Саудӣ рӯзи сешанбе як масҷидро дар рӯстои Ассарорӣ мунфаҷир карданд ва бо ҳамла ба ин рӯсто, даҳҳо нафар аз аҳолии онро асир ва аҷсоди эъдомшудагонро бе эҳтиромӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҷинояти ҷадид, 20 нафар аз аҳоли рӯстои Ассарорӣ кушта шуданд.

Барчасп