Октябр 07, 2022 21:50 Asia/Dushanbe
  • Меҳдии Торимӣ беҳтарин футболбози тими
    Меҳдии Торимӣ беҳтарин футболбози тими "Порту"

Футболисти эронии тими «Порту» беҳтарини бозикуни моҳи Лигаи бартари Португалия шуд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Меҳдии Торимӣ, муҳоҷими миллипӯши Эрон ин рӯзҳо амалкарди дурахшонеро ба ҳамроҳи «Порту» дар Лигаи бартари Португалия ба намоиш мегузорад.

Дар ҳамин робитаи сайти «Голпойинт» имрӯз ба арзёбии беҳтарин футболбозони моҳи сентябр дар Лигаи бартари Португалия пардохт.

Меҳдии Торимӣ, ситораи эронии «Порту», ки дар моҳи гузашта чандин бор беҳтарин бозикуни замин шуда буд, бо касби имтиёзи 7. 46 ба унвони беҳтарин футболбози моҳи Лигаи Португалия интихоб шуд.

Ин расонаи португалӣ ба муаррифии тими мунтахаби моҳ пардохт, ки Торимӣ дар хати ҳамлаи ин тим раҳбар буд ва дар миёни беҳтарин бозикунони ҳафта қарор гирифт.

Торимӣ дар ду моҳи гузашта аз сӯи бошгоҳи «Порту» ба унвони беҳтарин бозикуни моҳи ин бошгоҳ интихоб шуда буд.