Октябр 08, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин иҷлоси ҳамкории транзитӣ байни Эрон ва панҷ кишвари ҳамсоя

Нахустин иҷлоси ҳамкории транзитӣ байни Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин иҷлоси тахассусии ду рӯза, ки имрӯзу фардо (якшанбе) дар сатҳи вазирон баргузор мешавад, баҳсҳои тахассусӣ миёни коршиносони ҳавзаи транзити ин кишварҳо низ сӯрат мегирад.

Меҳдии Сафарӣ, муовини иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон дар ифтитоҳияи ин иҷлос зимн хушомадгуӣ гуфт, Эрон роҳҳои транзитӣ ба ҳамсоягони маҳсӯр дар хушкӣ, ироа хоҳад дод ва аз зарфиятҳои транзитии худ баҳра хоҳад бурд.

Шаҳриёри Афндизода, муовини ҳамлу нақли вазири роҳу шаҳрсозии Эрон низ дар ин иҷлос гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба тавофуқоти Эрон бо кишварҳои дигар, фасли навине дар транзит дар ҳоли шакл гирифтан аст ва дар ростои иҷлоси Самарқанд дарсадад ҳастем то ба ташрики масоъӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақл бирасем.

 

Барчасп