Октябр 08, 2022 18:02 Asia/Dushanbe
  • Кантроли моҳвораи

Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон бо ишора ба инки додаҳои моҳвораии "Хайём" ба шакли амалиётӣ дар кишвар ба баҳрабардорӣ расидааст, гуфт, кантроли моҳвораи “Хайём” ба таври комил дар дасти мутахассисон эронӣ аст.

Моҳвораи "Хайём" , 9 августи 2022 бо моҳворабари “Саюз” аз пойгоҳи фазоии Қазоқистон партоб шуд.

Исои Зореъ Пӯр, вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон бо ибрози хушҳолӣ аз баҳрабардорӣ аз нахустин маркази амалиёти ҳирфаии баҳрабардории моҳвораи санҷишии Эрон дар ҳафтаи ҷаҳонии фазо, афзуд, нахустин бор аст, ки додаҳои моҳвораии "Хайём" ба шакли амалиётӣ дар Эрон ба баҳрабардорӣ расидааст ва имрӯз барои нахустин бор тасовири дарёфтии ин моҳвора ба намоиш гузошта мешавад.

Вай тасреҳ кард, ба зуддӣ имкони баҳрабардорӣ аз тасовир ва додаҳои моҳвораи "Хайём" барои ширкатҳо, органҳо ва созмонҳое, ки хадамоти лозимро ироа мекунанд, фароҳам мешавад.

Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта, гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.

 

Барчасп