Октябр 09, 2022 10:42 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳафтаи Ваҳдат ва табрики солрӯзи валодати Паёмбари гиромии ислом (с)

Якшанбе - дувоздаҳуми раббиъулаввали 1444 ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 9 октябри 2022 ба ривояте солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо ( с ), Паёмбари гиромии ислом ва оғози ҳафтаи Ваҳдат аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳоду наздик шудани гуруҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду таърих ( 12 то 17 раббиъулаввал )-ро " ҳафтаи Ваҳдат " номгузорӣ карданд .
Ин ҳафта фурсати муносибе аст, то зарурати ҳамбастагӣ ва якдилии ҷаҳони ислом ба вижа дар ин замони пур аз фитнаву ошӯб, бо диққати бештаре мавриди баррасӣ қарор гирад .
Агарчӣ мусулмонон аз мазоҳиби мухталиф дар бархе орову аҳком ихтилофи назар доранд, аммо дорои иштирокҳои фаровон чун бовар ба Худои воҳид, Китоби осмонӣ, Паёмбар ва Қибла яксон ҳастанд .
Ҳамчунин мусулмонон бар анҷоми ибодоти муҳимме чун Намоз, Рӯза, Ҳаҷ, Закот ва ғайра иттифоқи назар доранд .
Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар оғози ҳафтаи мубораки Ваҳдат, ки музаййян ба валодати Паёмбари гиромии ислом ( с )аст, ин муносибати фархундаро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд .

 

Барчасп